Таърихи рушду инкишофи мактаби варзишии махсусгаронидашудаи кӯдакону наврасони №4-и шаҳри Душанбе оид ба намудҳои варзиши обӣ

32Мактаби варзишии махсусгаронидашудаи кӯдакону наврасони №4-и шаҳри Душанбе оид ба намудҳои варзиши обӣ соли 1957 дар назди Шуъбаи шаҳрии маълумоти халқии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

Аз соли 1963 то соли 1967 аввалин маротиба ҳавзи Мактаби мазкур таъмиру таҷдид карда шуд.
Аз соли 1987 то соли 1991 ҳавзи шиноварии Мактаби варзишии мазкур маротибаи дуюм мутобиқи талаботи муосир барои шиноварӣ ва ҷаҳидан ба об таъмиру таҷдид гардид.
Аз соли 1998 Мактаби варзишӣ аз ҳайати Шуъбаи шаҳрии маълумоти халқии шаҳри Душанбе бароварда шуда, ба Ҳукумати шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Дар давоми фаъолият ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то солҳои 90-уми асри гузашта, дар мактаби варзишии мазкур мутахассисони зеринро оид ба намудҳои: шиноварӣ, ҷаҳидан ба об, намудҳои варзиши обӣ, ғолибон, ҷоизадорон, чемпионҳои ИҶШС, аъзои мунтахаби ИҶШС, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва чемпионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамуданд.
Аз ҳама варзишгарони номдоре, ки тарбиятгирандагони Мактаби варзишии махсусгаронидашудаи кӯдакону наврасони №4-и шаҳри Душанбе оид ба намудҳои варзиши обӣ буданд, инҳоянд: Собченко А., Шведов О., Козлов В. – устоди варзиши ИҶШС. Ҷаҳидан ба об – Никифоренко С., Шпингел К., Гладченко А., Белетсева Инна, Помощников Виталий, Кутумова Тамара, Минин Генадий ва дигарон.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 инҷониб анъанаи неки мактаби варзишии мазкур оид ба тарбия ва омода намудани варзишгарони сатҳи олӣ идома ёфта, онҳо дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю эътибори кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз намудҳои варзиши шиноварӣ ва ҷаҳидан ба об ҳифз менамоянд.
Соли 1996 варзишгарони мактаби мазкур иштирокчиёни ХХVI-умин Бозиҳои Олимпӣ (Атланта - ИМА) гардиданд: Устоди варзиши ИҶШС – Шлемова Наталя ва Орин Сергей.
Соли 2000-ум – иштирокчии ХХVII-умин Бозиҳои Олимпӣ (Австралия – Сидней) устоди варзиш - Измайлова Катерина.
Соли 2002 – варзишгарони мактаби мазкур, иштирокчиёни Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ (Эрон-Теҳрон): Чингизов Алишер, Касимов Рустам, Ҳайдаров Ашраф.
Соли 2005 – варзишгардухтарони мактаб, иштирокчии IV-умин Бозиҳои исломии занона оид ба шиноварӣ (Эрон-Теҳрон): Волф Элизавета, Шлемова Наталя, Измайлова Катерина, Арсенева Албина.
Соли 2008 – XXIX-умин Бозиҳои Олимпӣ (Хитой-Пекин) дар ҳайати дастаи яккачини Устодони варзиш: Чингизов Алишер, Измайлова Катерина.
Соли 2009 – дар 13-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (Италия-Рум). Тарбиятгирандагони мактаб: Камилов Саидо, Догадкина Светлана, Чингизов Алишер, Измайлова Катерина.
Соли 2010 – дар 2-юмин Бозиҳои Авруосиёии наврасон (Тотористон-Қазон) тарбиятгирандагони мактаб: Ҳакимов Муҳаммад, Забудская Мария.
Соли 2010 – дар 16-умин Бозиҳои Осиёӣ (Хитой-Гуанджоу): Устоди варзиш Чингизов Алишер иштирок намуд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон