Чемпионати кушоди шиноварӣ дар Қасри навбунёди варзишҳои обӣ

108

Бо назардошти аҳамияти варзиш ба солимии тану рӯҳи инсон дар кишварамон бо таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар намудҳои зиёди варзиш сол аз сол рушд меёбад, шароиту имкониятҳои машғул гардидан ба варзиш беҳтар мегарданд.
Бо истифода додани Маҷмааи нави варзишӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қасри намудҳои варзиши обӣ, ки як ҷузъи таркибиаш буда, шароитҳои он ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Аз ин шароитҳои мусоид истифода намуда, 13 декабри соли 2020, аз ҷониби Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳавзи шиноварии навбунёду замонавии ин Қасри намудҳои варзиши обӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар сатҳи баланд доир карда шуд.
Дар ин Чемпионат 5 дастаи мактабҳои шиноварӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд бо теъдоди беш аз 60 нафар варзишгарони наврасу ҷавон ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар маросими кушодашавии Чемпионат намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ва Федератсияи шиноварии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҳарбӣ ва варзишӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев баромад намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи шиноварии кишвар ҳисоб меёбад, ҳозиринро ба нахустин чемпионате, ки дар чунин қасри бошукӯҳу барҳаво доир мегардад, хайрамақдам гуфт.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории чемпионати мазкур омодасозии шиноварони тоҷик ҷиҳати ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврас, такмили маҳорату малакаи варзишии онҳо буда, боварӣ аст, дар оянда аз байни шиноварони кишварамон низ парчамбардорони Ватан пайдо мегарданд.

109110111

Бояд қайд намуд, ки дар чемпионати кушоди шиноварӣ қувваозмоиҳо аз намудҳои тарзи озод, пуштнокӣ, баттерфлай ва брасс ба масофаҳои 50, 100 ва 200 метр байни писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ гузаронида шуд. Аз натиҷаи қувваозмоиҳо доварони ботаҷриба ғолибони онро муайян намуданд, ки чунин аст:
Ба масофаи 50 метр аз намуди пуштнокӣ байни писарон:
Ҷойи I-ум Исматзода Умедҷон
Ҷойи II-юм Тилкович Захар
Ҷойи III-юм Ҷаҳонов Исфандиёр
Ба масофаи 50 метр аз намуди баттерфлай байни писарон:
Ҷойи I-ум Мадхамов Фахриддин
Ҷойи II-юм Рамзиёрзода Саддам
Ҷойи III-юм Набиев Акрам
Ба масофаи 50 метр аз намуди баттерфлай байни духтарон:
Ҷойи I-ум Тюрина Анастасия
Ҷойи II-юм Бордачёва Екатерина
Ҷойи III-юм Забалтсева Евгения
Ба масофаи 100 метр аз намуди брасс байни писарон:
Ҷойи I-ум Баротов Шоҳрух
Ҷойи II-юм Самиев Абдулло
Ҷойи III-юм Гадоев Шӯҳрат
Ба масофаи 100 метр аз намуди тарзи озод байни писарон:
Ҷойи I-ум Гадоев Ардашер
Ҷойи II-юм Звонников Григорий
Ба масофаи 100 метр аз намуди тарзи озод байни духтарон:
Ҷойи I-ум Халикова Эмилия
Ҷойи II-юм Забалуева Евгения
Ҷойи III-юм Раҳмонова Марям
Ба масофаи 200 метр аз намуди тарзи озод байни писарон:
Ҷойи I-ум Каримов Темур
Ҷойи II-юм Туйчиев Азамат
Ҷойи III-юм Ташрипов Кароматулло
Ба масофаи 100 метр аз намуди тарзи пуштнокӣ байни писарон:
Ҷойи I-ум Исломзода Умедҷон
Ҷойи II-юм Орипов Фарҳод
Ҷойи III-юм Қодиров Фирдавс
Ба масофаи 50 метр аз намуди брасс байни писарон:
Ҷойи I-ум Хоркашов Рамзиёр
Ҷойи II-юм Баротов Шоҳрух
Ҷойи III-юм Гадоев Шуҳрат
Ба масофаи 50 метр аз намуди брасс байни духтарон:
Ҷойи I-ум Климык Карина
Ҷойи II-юм Султонова Нозанин
Ҷойи III-юм Халикова Эмилия
Ба масофаи 50 метр аз намуди тарзи озод байни писарон:
Ҷойи I-ум Ишанов Олимҷон
Ҷойи II-юм Гадоев Ардашер
Ҷойи III-юм Звонников Григорий
Ба масофаи 50 метр аз намуди тарзи озод байни духтарон:
Ҷойи I-ум Бордачёва Екатерина
Ҷойи II-юм Тюрина Анастасия
Ҷойи III-юм Климык Карина
Ба масофаи 100 метр аз намуди баттерфлай байни писарон:
Ҷойи I-ум Мадхамов Фахриддин
Ҷойи II-юм Туйчиев Азамат
Ҷойи III-юм Набиев Акрам

112113

Аз ҳисоби даставӣ ҷой якумро варзишгарони дастаи Душанбе-1, ҷойи дуюмро дастаи Душанбе-2 ва ҷойи сеюмро дастаи Суғд ишғол намуданд.
Ғолибон бо медалу Ҷому, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагони чорабинӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Х. Солиҳов, М.Саидзода

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2021 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон