Машқҳои таълимии 15-рӯзаи шиноварӣ (Видео)

103

Дар Маҷмаи ҳавзҳои шиноварии «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд машқҳои дастаҷамъонаи таълимии тими мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардиданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбари Федератсияи миллии шиноварии мамлакат Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарон ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои дохилӣ ва чорабиниҳои варзишии бонуфузи байналмилалию ҷаҳонӣ роҳандозӣ карда шуд. Машқҳои таълимии варзишӣ давоми 15 шабонарӯз идома меёбад.
Тибқи нақшаи таълимӣ тамринҳои шиноварӣ дар як рӯз ду маротиба гузаронида мешавад. Дар ҳар як марҳила шиновар давоми ду соат дохили ҳавз қарор гирифта, дар намудҳои гуногун маҳорати худро таҳти назорати мураббиён сайқал медиҳад. Ҳар як шиновар аз 3 то 4 километр шино мекунад. Ҳамзамон сафарбар намудани варзишгарон ба толори варзишӣ ҷиҳати обутоби бадан бо истифода аз дастгоҳҳои варзишӣ дар машғулиятҳо пешбинӣ шудааст.

104105

Дар ин машқҳои таълимӣ ки то 16 ноябр идома меёбад 20 нафар варзишгарон аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд бо роҳбаладии 4 мураббӣ иштирок доранд. Мураббиён тасмим гирифтаанд,ки машқҳои таълимиро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намуда маҳорати варзишгаронро боло бардоранд. Барои аъзоёни тими мунтахаби ҷумҳурӣ шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки нозукиҳои шиновариро боз ҳам хубтар омӯхта ба мусобиқаҳо омодагӣ гиранд. Дар ҳайати тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарон аз ҳисоби мардон ва занон шомиланд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.

Ҷиҳати баргузории машқҳо дар Маҷмаи ҳавзҳои шиноварии «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Аз ҷумла оби ҳавз мунтазам безарар гардонида шуда, гарм карда мешавад ва барои машқу тамрин мусоид аст. Федератсияи миллии шиноварӣ нақша дорад бо тавсияи Федератсияи байналмилалии шиноварӣ санаи 14-уми ноябр дар ин иншооти варзишӣ фестивали намудҳои варзиши обиро ташкил намояд. Санаҳои 15-16 ноябр бошад дар маҷмаи ҳавзҳои шиноварии мазкур мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мешавад, ки дар он беҳтарин шиноварони кишвар маҳоратсанҷӣ мекунанд.
Акбар Шарифӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2021 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон