Зодрӯзи хуҷаста муборак!

30Муҳтарам Рамазон Раҳимзода,

Мо, кормандони Федератсияи миллии шиноварӣ ва узви дастаи мунтахаби шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Шумо - Раиси муҳтарам, вориси асилу коршиноси маҳбуб ва эҳёгари соҳаи варзиши шиновариро шинохтаем ва эҳтиром қоилем.
Шумо, муҳтарам Раис, аз қадамҳои нахусти интихоб шуданатон ба ин маснади ҷамъиятӣ маҳорати ботаҷрибаи хешро ҷиҳати рушди соҳаи варзиши шиноварии миллӣ бахшидаед.
Мо, кулли кормандон ва шиноварони Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои беназиру қиёснашаванда, азму талошҳоятонро ҷиҳати пешрафту нумӯъ ва сарсабзии ин навъи Бозиҳои олимпӣ аз хотирҳо фаромуш нахоҳем кард.
Дар чунин рӯзи шодию нишот - зодрӯзи хуҷаста ва муборакатон бо нияту орзуҳои хайру нек ба Шумо умри бардавом ва сарбаландию сарфарозиҳои бепоён таманно менамоем.
Бигузор Парчами кишвари соҳибистиқлоли азизу меҳрубони мо дар Бозиҳои олимпӣ - баландтарин қуллаи варзиш, сабқатҳои ҷаҳонӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ зери роҳбарии Шумо, Раиси гиромиқадр, парафшон бошад!

Бо эҳтиром,

Кормандон ва варзишгарони
Федератсияи миллии шиноварии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.04.2020

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2020 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон