Лигаи шиноварии Аврупо (LEN) расман пойтахти Италия - шаҳри Румро пойтахти чемпионати Аврупо дар соли 2022 оид ба намудҳои варзиши обӣ эълон намуд.
36-умин мусобиқаи аврупоӣ аз рӯи ҳисоб баъди мусобиқаи соли 1983 дуюмин маротиба дар шаҳри Рум баргузор мегардад.
Мусобиқаҳо аз 11 то 21-увгуст баргузор гардида, интизор меравад, ки дар онҳо 1500 шиноварони варзишгар аз 52 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Дар ҷаласаи охирони лигаи мазкур қарор қабул шуд, ки Чемпионати Аврупо-2020 дар Будапешт, Чемпионати Аврупо-2022 дар Рум ва Чемпионати Аврупо-2024 дар Федератсияи Россия, яъне дар шаҳри Қазон ва ё Нижний Новгород, баргузор карда шавад.