Табрикоти зодрӯзӣ ба Котиби генералии КМО Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон

229Муҳтарам Муҳаммадшо Мирзохон,

Бо сипосу самимият ҷашни зодрӯзро ба Шумо ва наздикону пайвандон табрик намуда, дар ин рӯзгори пурнишоту фараҳбахш ва саршор аз меҳру муҳаббат бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ ва дар кору рӯзгор барору комёбиҳои беназир таманно менамоем. 

Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри рушду шукуфоӣ ва ободии мамлакат ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба ин Ватанро водор месозад, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои бунёдкорона ва рушду инкишофи кишварамон, софдилона хизмат намояд.
Хизматҳои арзандаи Шумо дар рушду нумӯи варзиши шиноварӣ назаррас буда, дар тӯли фаъолият Шумо бо малакаи баланди касбӣ, зарфияти роҳбарӣ ва дарки баланди масъулиятшиносӣ дар пешравию дастовардҳои варзиши шиноварӣ саҳмгузор ҳастед.
Бори дигар, ин рӯзи фархундаро ба Шумо табрик намуда, бароятон саодату сарбаландӣ, нишоту хуррамӣ ва дар фаъолияти хизматиатон баҳри ободию шукуфоии ҷомеа, муваффақиятҳои назаррасро таманно менамоем.

Бо эҳтиром,

Роҳбарияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроия ва варзишгарони Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2020 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон