Шиноварони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Венгрия иштирок мекунанд

80

Рӯзҳои 20-25-уми август дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Венгрия Чемпионати VII ҷаҳон оид ба шиноварӣ миёни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он шиноварони тоҷик низ иштирок мекунанд.
Дар чемпионат иштироки ҳудуди 1000 нафар шиновари ҷавони синнашон 15-18 (бонувон) ва 14-17 (мардҳо) аз 107 давлат дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин чемпионат 3 варзишгар – Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова таҳти роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби наврасони мамлакат оид ба шиноварӣ Аҳмадҷон Умаров намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарон аз рӯи 42 қувваозмоӣ миёни мардҳо ва бонувон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд. Ҳамаи мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии «Дуна Арена» мегузаранд.
Бояд тазаккур дод, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ миёни ҷавонон бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) бори аввал соли 2006 дар Рио де Жанейрои Бразилия доир гашта, баъдан соли 2008 дар Монтеррейи Мексика, соли 2011 дар Лимаи Перу, соли 2013 дар Дубайи АМА, соли 2015 дар Сингапур ва соли 2017 дар Индианаи ИМА гузаронида шуд.

81

ДАР АКС: макони баргузории мусобиқаҳо — маҷмааи варзишии «Дуна Арена».

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон