Табрикот

75

Табрикоти
Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон (10 август)

Муҳтарам варзишгарони шиновар,

Шумо ва дар симои шумо тамоми варзишгарони кишварро бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрик намуда, ба шумо саодату сарбаландӣ, осоиши рӯзгор ва дар кору зиндагӣ комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Варзиш дар ҳама давру замон, бахусус дар шароити мураккабу пуртазоди ҷаҳони имрӯза ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим эътироф гардидааст.
Аз ин рӯ, варзиш ҳамчун рукни муҳими солимии ҷомеа қабул гардида, ҷалби оммаи васеъ, бахусус наврасону ҷавонон ба ин соҳаи пураҳамият басо арзишманд мебошад.
Дар давоми солҳои охир дар кишварамон шумораи зиёди иншооти варзишӣ ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо ҷалби ҷавонон ба навъҳои гуногуни варзиш тавсеа ёфта, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни дохиливу байналмилалӣ торафт афзуда истодааст.
Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Шиноварӣ аз қадимулайём дар миёни халқи мо мавқеи хос дошта, гузаштагони мо омӯхтани ин навъи варзишро ба фарзандон таълим медоданд.
Иштироки варзишгарони мо дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрӯву эътибори мамлакати моро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро афзун менамояд.
Дар фарҷом ҳамаи шумо – варзишгарон ва кормандони соҳаи варзишро бори дигар бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду дастболо бошед, варзишгарони парчамбардори Ватан!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон