Иштироки варзишгарони шиновар дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ

76

Аз 18 то 29-уми июли соли 2019 дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ 12-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ баргузор гардид, ки дар он тими асосии кишвар зери роҳбарии тренери ботаҷриба Чингизов Алишер дар ҳайати Ишанов Олимҷон, Бордачева Екатерина, Тюрина Анастасия ва Хайруллоев Алиҷон иштирок ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷа баъди рақобатҳои зиёд ғолибони мусобиқаи ҷаҳонӣ дар байни мардон дар масофаи 200 метр аз намуди тарзи озод муайян гардиданд. Ҳамин тариқ, ҷойи якум насиби варзишгари Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Ян, ҷойи дуюм насиби варзишгари ҷопонӣ Катсухиро Матсумото ва ҷойҳои сеюмро варзишгари бритониёӣ Данкан Скот ва аз Федератсияи Россия Малютин соҳиб гардиданд.
Ғолибони мусобиқаи ҷаҳонӣ дар байни занҳо бошад, дар масофаи 1500 метр аз намуди шиноварии дарозтарин ҷойи аввал ба варзишгари итолёвӣ Квадарелла, ҷойи дуюм ба варзишгари олмонӣ Сара Кёлер ва ҷойи сеюм ба варзишгари чинӣ Ван Сзянсзяхе мушарраф гардид.
Ҳамин тариқ, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ варзишгарони шиновар дар намудҳои гуногуни варзиши шиноварӣ, аз қабили брасс, баттерфляй, тарзи озод, шиноварӣ дар пӯшт, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳидан ба об ва ғайраҳо қувваозмоӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Ҷаҳду талоши варзишгарони шиновари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои намоён бенатиҷа анҷом ёфт, вале онҳо аз ин рӯҳафтода нашуда, пайваста машқу тамрин менамоянд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ парчамбардори Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

7778

Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишоф ёфтани варзиши шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, варзишгаронро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Шарҳҳо  

 
#2 Садриддин 2019-08-15 11:40
Насиб кушиш кунен ба балантарин куллахо мерасен
 
 
#1 Садриддин 2019-08-15 11:38
Бехтарин! Ин икдом боиси дастгири ва шоистаи тахсин аст. Бигузор мунтазам чунин мусобикахо ташкил ва баргузор карда шаванд. Дар давлатхои хоричи ба ин намуди варзиш сахт ахамаият дода мешавад. Хушбахтона дар Точикистон низ ин намуди варзиш рохандози гардид.
 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон