Санаи 9 июли соли 2019, пеш аз сафар барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ вохӯрии Раиси федератсияи миллии шиноварӣ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо аъзоёни гурӯҳҳои миллии ҷавонон ва наврасон оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Гурӯҳи асосии кишвар зери роҳбарии тренери ботаҷриба Чингизов Алишер дар ҳайати: Ишанов Олимҷон, Бордачева Екатерина, Тюрина Анастасия, Хайруллоев Алиҷон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ аз 18 то 29 июл баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.
Гурӯҳи миллии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии дигар тренери ботаҷриба Умаров Аҳмад, дар ҳайати: Нурангез Нурматова, Ардашер Гадоев ва Садами Рамзиёр дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар байни ҷавонон дар шаҳри Бухарест, аз 18 то 25 августи соли 2019 иштирок хоҳанд кард.
Дар ҷараёни сӯҳбати гарм ва самимӣ Вазири корҳои дохилӣ варзишгаронро барои иштироки арзанда дар ин мусобиқаҳои байналмиллалӣ даъват намуд.
Ба онҳо муваффақият, ҳавасмандии самимии варзишӣ, қуллаҳои баланд ва пирӯзиҳоро таманно кард!