Фестивали шиноварӣ дар шаҳри Душанбе

74308309

Имрӯз (06.07.с.2019), бахшида ба «Рӯзи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ» дар ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар фестивали варзиши шиноварӣ бо иштироки доираи васеи варзишгарону хоҳишмандон, наврасону кӯдакон ва ҷавонон баргузор карда шуд. 
Дар ин чорабинии оммавӣ-варзишӣ, ки ҳадафаш пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши шиноварӣ дар ҷомеа, шиносоӣ бо тарзу усул ва нозукиҳои ин намуди варзиш буд, беш аз 150 нафар варзишгарону хоҳишмандон ширкат варзиданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ намояндаи Федератсияи миллии шиноварии кишвар Ориф Ҷӯраев баромад намуда, нахуст ҳамаи иштирокчиёнро аз номи Раиси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ-Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон солимию руҳу тан ва дар кору зиндагиашон комёбию муваффақиятҳо таманно намуд. Қайд гардид, ки варзиш, алалхусус шиноварӣ дар ҳаёти инсон муҳим буда, барои таҳкими саломатӣ ва тақвияти нерӯ мусоидат менамояд.

310311312313

Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Маҳмадализода ва котиби Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода баромад намуда, зикр намуданд, ки иқдоми пешгирифтаи Федератсияи миллии шиноварӣ саривақтӣ буда, чунин чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ бешак наврасону ҷавонони кишварро боз ҳам ҳавасманду ба ин намуди варзиш ҷалб хоҳанд намуд. Шароитҳои мусоиди машғул гардидан ба ин намуди варзиш, ки бо дастгирии Сарвари давлат сол ба сол, боз ҳам беҳтар мегарданд, имконият медиҳанд, ки варзишгарони мо дар ин риштаи варзиш низ саъю кӯшиши бештар намуда, муаррифгар ва парчамбардори Ватани хеш дар арсаи байналмилалӣ гарданд.
Дар идомаи чорабинӣ, аз ҷониби варзишгарони мактабҳои намудҳои варзиши обии ҷумҳурӣ дар назди ҳозирин баромадҳои намоишӣ, бо намудҳои варзиши шиноварӣ, аз қабили тарзи озод, баттерфляй, пуштнокӣ, брасс, кролл, омехта, маҷмӯӣ ва ғайра нишон дода шуда, ҳамчунин байни онҳо мусобиқаҳои варзишӣ ва шиноварии оммавӣ барои варзишгарону хоҳишмандон баргузор карда шуд. 
Аз ҷониби мутахассисони соҳа ба тамошобинон тарзу усули наҷотдиҳии шахсони ғарқшуда ҳангоми оббозӣ дар кӯлу обанборҳо, амали дигар иштирокчиён дар вақти содир шудани чунин ҳодисаҳои нохӯш ва пешгирии он намоиш дода шуда, маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуданд.
Ҳамсӯҳбатони мо, варзишгари наврас Рустам Зокирови 14-сола аз шаҳри Душанбе иброз дошт, ки тайи ду сол аст, ки таҳти роҳбарии мураббӣ Дилбар Очилова нозукиҳои шиновариро омӯхта, боварӣ дорад, дар оянда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баромад намуда, мақомҳои ифтихориро ба даст орад. Варзишгари дигар, Саддам Рамзиёрзодаи 16-сола бошад, аллакай чемпиони 7-каратаи ҷумҳурӣ миёни наврасону ҷавонон гардида, барои иштирок ба Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки моҳи августи соли ҷорӣ, дар кишвари Маҷористон доир мегардад, омодагӣ мебинад. Онҳо ҳамсолонашонро барои машғул гардидан ба варзиши шиноварӣ даъват намуданд, то ки аз бартариятҳои он бархӯрдор шаванд. Дар назди мутахассисони соҳа омӯхта, шахс ҳаматарафа обутоб меёбад, ояндаи худро солиму бехатар мегардонад.

314315316317

«Варзиши шиноварӣ барои табобати бемориҳои гуногун, аз қабили дарди сутунмуҳра, нафаскашӣ, майнаи сар, гардиши хун ва ғайра беҳад фоидабахш аст» - зикр намуд, мутахассиси соҳа, мураббӣ аз намуди варзиши шиноварӣ Аҳмадҷон Умаров ва илова дошт, ки «Варзиши шиноварӣ дар кишвар сол то сол аҳамияти зиёдтар пайдо намуда, сафи хоҳишмадон низ меафзояд. Ҳоло мавсими гармӣ буда, оббозиро хурду калон меписанданд ва дар баробари ин, мубрамияти назорати фарзандон низ аз ҷониби волидайн беш аз пеш эҳсос мегардад, ки бояд боэҳтиёт бошем». 
Шиноварӣ варзишу ҳам ҳунар аст,
Поксозандаи ҷисму ҳам ҷигар аст. 
Фестивали шиноварии имрӯза дар сатҳи баланд доир гардида, дар охир, ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Х. Солиҳов, Р. Илёсов

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон