Шоми дӯстии иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

72

Рӯзи 24-уми июн баъди ҷамъбасти қисмати расмии мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бо ибтикори Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиёни мусобиқа, ҳайати шиноварони Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.
Сайругашти меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва саёҳатии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он ҷузъи асосии чорабинӣ маҳсуб меёфт, ки ҳадафи он муаррифии мавзеъҳои зебои Тоҷикистон, таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оини миллӣ буд. 
Нахуст ҳайати иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки бо номи «Қалъаи Хуҷанд» маъруф аст дидан намуданд. Ин осорхона, таърихи беш аз 90 сола дошта, ҳанӯз дар давраҳои аввали таъсисёбии давлати Шӯравӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ва соли 2006 дар минтақаи ҳозирааш барқарор шудааст. Меҳмонон зимни боздид аз осорхона вобаста ба таърихи давлатдорӣ ва зиндагиномаи пурғановати тоҷикон аз дуриҳои таърих то замони муосир маълумот гирифтанд. 
Сайругашт дар мавзеъҳои гулпуши боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз баландӣ, бо истифода аз роҳи танобӣ тамошои манзараҳои дилфиреби саҳни Сирдарё ва иморатҳои гирду атрофи он, дар баробари муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон саёҳати варзишгаронро хотирмон гардонид.

301302303304305306

Дар идомаи барномаи фарҳангии Шоми дӯстӣ аъзоёни дастаҳо сари дастархони тоҷикона нишаста, ба якдигар армуғонҳои хотиравӣ тақдим намуданд ва зери навозишҳои мусиқӣ, гарму самимӣ суҳбату дилхушӣ карданд.

Акбар Шарифов

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон