Рӯзи сеюм ва анҷоми мусобиқаи шиноварӣ

71

Дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардида истода буд, варзишгарони иштирокчӣ дар чор намуди сабқат ба масофаҳои гуногун қувваозмоӣ намуда, аз натиҷаи он ғолибон муайян гардиданд. Рафти мусобиқаро ҳаводорону мухлисони зиёди ин соҳаи варзиш тамошо мекарданд.
Бо ҳамин, дар ин мусобиқаи бонуфузи варзишӣ аз рӯи ғолибияти бештари бадастовардаи варзишгарон, ҳайати мунтахаби дастаи Федератсияи Россия бо бартарияти бештар зинаи аввали мусобиқа, дастаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақоми дуюм ва Ҷумҳурии Белорус ҷойи сеюмро ишғол намуданд. 
Шиноварони тими Тоҷикистон бо касби 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ҷойи 4-умро соҳиб гаштанд.

290291292

Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқаи байналмилалии имсола, ки бори дуюм аст бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ ва дастгирии вазорату идораҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад, дар миёни иштирокчиён ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои шиноварии сатҳи кишвар ва байналмилалӣ буданд, ки аз худ бори дигар маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон дода, мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Аз зумраи онҳо, Елизаветта Левша – аз дастаи Ҷумҳурии Белорус, барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо, ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои Ҷумҳурии Белорус, Ирина Злобина – ғолиби Чемпионати Федератсияи Россия, ғолиб ва ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои Округи Федеретавии Сибир оид ба шиноварӣ, устоди варзиши Федератсияи Россия, Олеся Корчагина – барандаи чандинкаратаи медали биринҷии Чемпионатҳои Федератсияи Россия, ғолиб в рекордсмени мусобиқаи Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия, устоди варзиши Федератсияи Россия ва дигар ҷоизадорон ширкат доштанд.
Дар маросими пӯшидашавии чорабинии варзишии сатҳи байналмилалӣ муовини Раиси вилояти Суғд Турахонзода Баҳоваддин Баҳодур, сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, муовини аввали Раиси ШҶ “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Шоҳиён, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Федератсияи шиноварии кишвар, намояндаи ҷамъияти варзишии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Салават Гайсин ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, дар маросими тантанавӣ мукофотҳоро ба ғолибон супориданд.

293294295296297298

Ба ғолибон аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ Ҷом, диплом, медалу ифтихорномаҳои фахрӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаи шиноварӣ, раиси федеретсияи шиноварӣ дар вилояти Суғд, сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода баромад намуда, аз номи раиси Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бори дигар меҳмононро барои ташрифашон ба сарзамини меҳмондӯсти тоҷикон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки баргузории чунин мусобиқа саҳифаи наверо дар китоби дӯстию бародари байни миллатҳо хоҳад кушод. Ва иштирокчиёни мусобиқа ба хусус меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бо таассурот ва бардошти нек аз мусобиқаи шиноварӣ, сайругашт аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон хотираҳои нек гирифтанд.

299

Расми хотиротӣ дар саҳни майдони И.Сомонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки тамоми ширкатчиёни мусобиқа ба қисмати асосии чорабинӣ хотима гузошт. 
Аз рӯи нақшаи баргузории мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бегоҳии рӯзи 24-уми июн ба иштирокчиёни мусобиқа барномаи сайёҳӣ таҳия гардидааст, ки варзишгарон аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он дидан менамоянд.
Акбар Шарифов
Хусрав Солеҳов

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон