Ғолибони рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

70

23-уми июни соли равон, дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд варзишгарон бо омодагии комил маҳорати варзишии худро нишон доданд. Аз рӯи намудҳои шиноварии баттерфлай дар масофаи 50 метр, брасс дар масофаи 50 метр, тарзи озод бо масофаи 100 метр, маҷмуавӣ дар масофаи 200 метр ва эстафетаи даставӣ дар масофаи 4х50 байни занҳо ва мардон дар алоҳидагӣ, шиноварон барои зинаҳои ифтихорӣ мубориза бурданд. Ҳар як шиновар, иштирокчии мусобиқа талош мекард ба хазинаи тими худ медал ворид сохта, парчами кишвараш парафшон ва ба ифтихори ғолибият суруди миллии давлаташ садо диҳад.
14 довар маҳорати варзишии шиноваронро назорат ва баҳогузорӣ намуданд.
Шиноварони тимҳои Россия, Белорус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар рӯзи дуюми мусобиқа дар намудҳои муқарраргардида бо нишондиҳандаи фардию гурӯҳӣ ҷоизадори мусобиқа шуданд.

284285

Миёни занҳо аз намуди «баттерфлай» бо масофаи 50 метр шиновари дастаи Федератсияи Россия Олеся Корчагина ҷойи аввал, намояндагони Ҷумҳурии Белорус Елезавета Левша ва Рогачёва Татьяна мутаносибан мақоми дуюм ва сеюм, аз намуди маҷмуавӣ дар масофаи 200 метр варзишгари дастаи Федератсияи Россия Алина Ситдикова зинаи якум, шиновари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анастасия Зелинская ҷойи дуюм ва варзишгари Ҷумҳурии Белорус Халдоба Татьяна мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Миёни бонувон ҳамчунин аз намуди брасс дар масофаи 50 метр варзишгарони Федератсияи Россия Корчагина Олеся мақоми аввал, Дарья Головина ҷойи дуюм ва Бибигул Менлибоева аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон зинаи сеюми ифтихориро ба даст оварданд.
Ба ҳамин монанд миёни мардҳо аз намуди тарзи озод бо масофаи 100 метр шиноварони дастаи Федератсияи Россия Алексей Мерзликов зинаи аввал, Иван Манин мақоми дуюм ва варзишгар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ойбек Хужаев ҷойи сеюм, аз намуди маҷмуавӣ дар масофаи 200 метр варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимжон Одилов мақоми якум ва варзишгарони Чумҳурии Белорус Алексей Яцевич ҷойи дуюм, Сергей Аплевич зинаи сеюмро соҳиб гардиданд. Аз намуди брасс миёни мардҳо дар масофаи 50 метр ҷойи якумро Сидорчук Алексей аз Чумҳурии Ӯзбекистон, зинаи дуюм варзишгари Ҷумҳурии Белорус Адамена Антон ва мақоми сеюмро Рамзиёр Хоркашов шиновари тими Тоҷикистон ба даст оварда, ҷоизадори мусобиқа гаштанд.
Мусобиқа аз намуди эстафетаи даставӣ дар масофаи 4х50, ки ҳайати дастаҳоро шиноварон аз ҳисоби занону мардон мукаммал намуда буд, бо пирӯзии дастаи Федератсияи Россия анҷом ёфт. Мақомҳои баъдиро шиноварони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Белорус ишғол намуданд.
Аз рӯи се зинаи ифтихорӣ ба ғолибон медал ва Дипломи мусобиқа супорида шуд.

286287288

Ҳамин тавр, дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад, аз 5 намуди шиноварӣ бо ишғоли бештари зинаҳои ифтихорӣ ҳайати мунтахаби Федератсияи Россия ҷойи аввал, Ҷумҳурии Белорус зинаи дуюм ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақоми сеюмро ба даст оварданд. Ба ифтихори шиноварон ва дастаи ғолиб суруди миллии давлати ҷоизадор садо дод.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ тибқи нақша идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.
Акбар Шарифов

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон