Дастпарварони «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ» ғолиби мусобиқаи шаҳрӣ гардиданд

63

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 8-9-уми июни соли 2019 бо дастгирии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ» мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба шиноварӣ баргузор гардид. 
Дар мусобиқаи мазкур ҷои аввал насиби варзишгарони Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ» бо натиҷаи 19 медали тилло, 30 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ гардид.
Бояд қайд кард, ки 15 медали ҷойи якумро варзишгар-духтарони шиновар соҳиб шуданд.
Беҳтаринҳо барои иштирок дар Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба шиноварӣ, ки рӯзҳои 15-16-уми июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мегардад, роҳхат ба даст оварданд.

247248249250

Мавриди қайд аст, ки мусобиқа оид ба шиноварӣ бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ба ин соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон