Бо дастгирии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ» мусобиқаи кушод оид ба шиноварӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» баргузор гардид.
Мусобиқа хеле шавқовар баргузор гардида, варзишгарони шиновар кӯшиш намуданд, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд.
Ғолибони мусобиқаи кушод оид ба шиноварӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе бо медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуда, ба ҳамаи иштирокчиён шириниҳо тақдим карда шуд.