14 сабаби машғул шудан ба шиноварӣ

47

Шиноварӣ барои инсон табиатан, мисли давидан аст. Ҳамаи мо медонем, ки қарор доштан дар об ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати равонӣ фоидабахш аст. Дар ин мақола шумо ҳавасмандии иловагиро барои рафтан ба ҳавзи шиноварӣ меёбед.

Камшавии вазн
Аз ҳама таъсири муфиди шиноварӣ – нест шудани равған аст. Зимнан, шумораи калорияҳо, ки шумо дар вақти шиноварӣ сарф мекунед, дар ҳақиқат азим аст. Аввалан, якбора бисёре аз гурӯҳи мушакҳо ба кор медароянд. Дуввум, оби хунук барои харҷи энергияи иловагӣ кӯмак мекунад. Барои таъсири бештар тарзи шиноварии баттерфляйро омӯзед. Ин аст тарзи сарфи қувва.

Беҳтар намудани қомат
Хеле бисёре аз мо қисми бештари рӯзро дар назди компютер мегузаронанд. Шиноварӣ метавонад ба таври назаррас қоматро беҳтар кунад. Ба ғайр аз он, ки дар об сутунмӯҳра камтар қувваи ҷозибаро мебинад, шиноварӣ ҳолати мушакҳои пушт, қафаси сина ва камарро беҳтар мекунад. Аз қоматхамидагӣ беҳтар шиноварӣ дар намуди крол дар пушт аст.

Шиками таранг
Ба назар мерасад, ки дар вақти шиноварӣ бештар пойҳо ва дастҳо кор мекунанд. Аммо мушакҳои шикам низ кор мекунанд. Барои машқи мушакҳои шикам бо истифода аз шиноварӣ, бояд ба намуди шиноварии «делфин» афзалият дод. Дигар сабкҳо ҳам барои нест шудани чарб аз шикам кӯмак мекунад.

48

Шуш ва дили солим
Бисёре аз шиноварони касбӣ ихтисоси худро барои пешгирии шиддати нафасгирӣ интихоб кардаанд. Дар вақти шиноварӣ дуруст кашидани нафас, инчунин ҳавои намнок ба кори шуш таъсири мусоид мерасонад. Ҳангоми шиноварии мунтазам ЧСС кам мегардад (то 45-50 зарба дар як дақиқа дар ҳолати оромӣ), ҳамзамон қуввати интиҳоии дил зиёд мегардад (то 200 пастшавӣ).

Манфиат ба буғумҳо 
Об буғумҳоро фасеҳ мекунад. Вале шиноварӣ на танҳо ҳамчун пешгирии касалиҳои буғум кор мекунад. Шино кардан мумкин аст ҳамчунин ҳангоми шадидият: сардшавӣ дардро паст мекунад, ва ҳаракатҳои муназзам таъсири масҳро доранд.

Беҳтаршавии хун 
Ҳатто баъд аз як маротиба шиноварӣ таркиби хун намоён мусбӣ тағйир меёбад: миқдори ҳуҷайраҳои сурхи хун ва сатҳи гемоглобин меафзояд. Дар бораи таъсири мусбии мунтазам рафтан ба ҳавзи шиноварӣ гуфтан ҳоҷат нест.

Алтернативии толори машқ 
Ҳавзи шиноварӣ метавонад алтернативаи хуб бошад, дар он рӯзҳое, ки қуввати шумо барои машқ кардан ва ё давидан дар зери борон намерасад. Ба худ қавл диҳед, ки танбалӣ намекунед, танҳо бо суръати паст шино мекунед. Баъд аз 5-10 дақиқаи ором қарор гирифтан дар об, шояд дар шумо қувва барои машғул шудан ба варзиш пайдо шавад.

Детокси рақамӣ 
Ҳатто дар толори варзишӣ ва ҳангоми давидан бисёриҳо аз смартфони худ ҷудо намешаванд. Дар ҳавзи шиноварӣ шумо ҳатто барои зангҳо дастнорасед. На камтар аз як соат шумо барои тафтиш ба идораи почта ва шумораи лайкҳо дар Instagram вақт намеёбед.

Варзиши душвор
Шиноварӣ барои барқарорсозӣ пас аз ҷароҳат ва ё танҳо баъди кори хеле шадид муносиб аст. Ҳамчунин шиноварӣ машғулиятҳои давиданро пурра мекунад, барои зуд барқарор намудани мушакҳо мусоидат мекунад, нисбат ба рӯзҳои истироҳатӣ тамоман бе кори ҷисмонӣ.

Баланд бардоштани зеҳн 
Ҳаракат дар об ҳамоҳангсозии махсусро талаб мекунад ва нафаскашии серҳаракат дар шиноварии шадид хунро сероксиген мекунад. Барои он, ки ташрифи ҳавзи шиноварӣ зеҳни шуморо тез кунад, дар намудҳои гуногун ва бо суръати тез шино кунед.

Истироҳат пас аз рӯзи вазнин 
Садои об ба сабукгардонии шиддат кӯмак мекунад. Инчунин ба системаи асаб ҳарорати пасти об таъсир мерасонад. Агар баъд аз рӯзи корӣ шумо истироҳат карда наметавонед ва дар шаб шумо аз бехобӣ мушкилӣ мекашед ҳар бегоҳ ба ҳавзи шиноварӣ равед. Барои оромиш дар намуди брасс бо пушт шино кунед.

Обутобдиҳӣ 
Таъсири мусбати муолиҷаҳои обӣ ба масуният хуб маълум аст. Вале барои аз сари худ рехтани оби ях ё ҳаммоми возеҳ осон нест. Ва дар ин ҷо дар ҳавзаи оби хунук табиист, ки ҳамон таъсирро дорад.

Мубориза бо озмоишҳо 
Баъзан шомгоҳон барои мубориза бурдан бо хислатҳои бади худ қувва намерасад. Шиноварӣ метавонад ба шумо кумак кунад. Аввалан, танҳо ҳадди ақал як соат вақти шуморо мегирад. Сониян, баъд аз шиноварӣ руҳияи шумо баланд мешавад ва барои хурдани зиёфат ё нӯшидани шароб ҳоҷат нест.

Вақтхушӣ барои тамоми оила 
Шиноварӣ - варзиш, дар ҳар синну сол дастрас аст. Аз солҳои аввали худ кудакон аз шиноварӣ ҳаловат мебаранд. Ва барои пиронсолон шиноварӣ, шояд аз ҳама роҳи бехатар нигоҳ доштани худ мебошад. Ба ҳавзи шиноварӣ бо тамоми оила биравед!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон