Ҳайати варзишгарони шиновар ба мусобиқаҳо омодагӣ мегиранд

13Аз 16-ум то 26-уми апрели соли 2019 марҳилаи дуюми ҷамъомади машқӣ-таълимии дастаи мунтахаби ҷавонон ва калонсолони Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир мегардад.
Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ дар ин ҷамъомади машқӣ-таълимӣ таҳти роҳбарии сармураббии тими миллии калонсолон Чингизов Алишер ва тими миллии ҷавонон Умаров Алиаҳмад омодагӣ мегиранд.
Машқҳои мазкур ҷиҳати омодагӣ барои иштирок дар дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ гардидааст, гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин варзишгарони шиновар барои иштирок дар мусобиқаи байни давлатҳои ИДМ, Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ ва Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Маҷористон машқу тамрин менамоянд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон