Маҷмӯи мукофотҳои аввалин дар марҳилаи панҷуми Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ эълон гардиданд

42Натиҷаи рӯзи аввалини мусобиқаи марҳилаи панҷуми Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварии зимистона, ки дар шаҳри Петрозаводски Федератсияи Россия баргузор гардид, маълум гардиданд.

Беш аз 45 медалро «моржҳо»-и клуби карелиягии «Виктория» ба даст оварданд, ки дар байни онҳо барандаҳои ҷоизаҳои тиллоӣ шомил мебошанд; Игор Лукин (ғалаба дар ду масофа) ва Анна Лопаткина – ӯ ду тилло дорад: дар масофаҳои 100 ва 200 метрӣ дар намуди брасс, инчунин биринҷӣ дар намуди баттерфляй дар масофаи 25 метр.
Шиновари кишвари Чили Барбара Барбара медалҳои нуқра ва биринҷиро ба даст овард. Оксана Белетская аз Владивосток дар масофаи 100 метри намуди брасс соҳиби тилло гашт.
Иштирокчии аз ҳама кӯҳансоли мусобиқа Анна Семёноваи 93-сола – намояндаи клуби шиноварии зимистонаи «Виктория» аз Петрозаводск ба медали тилло шарафёб гашт.
Мусобиқаҳо то санаи 31 март, дар 13 дараҷаи синну солӣ, дар масофаҳои аз 25 то 200 метр идома ёфтанд.





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2020 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон