Баргузории мусобиқаи шиноварӣ байни ҷавонон ва духтарон дар шаҳри Кӯлоб

20

Рӯзи 4-уми майи соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ байни ҷавонон ва духтарон дар доираи ислоҳоти милитсия ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» таҳти шиори «Ба рушди ободии диёр омодаем» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин мусобиқа таҳким бахшидани дӯстию рафоқат дар байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбад.
Дар мусобиқаи шиноварӣ аз намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр байни ҷавонон Наврӯзов Фаридун, Орипов Фарҳод, Қурбонов Олим, Касимов Раҷабмурод, Мадкамов Фахриддин, Боев Шодмон аз шаҳри Душанбе ва Ҳабибов Мустафо, Исмоили Саидакрам ва Ҳабибов Муҳаммадҷон аз шаҳри Кӯлоб байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа ҷойи аввал насиби Қурбонов Олим, ҷойи дуюм насиби Боев Шодмон ва ҷойи сеюм насиби Касимов Раҷабмурод гардид.
Дар эстафетаи тарзи озод Хоркашов Рамзиёр, Ишанов Олим, Меликов Сунатулло, Боев Шодмон, Орипов Фарҳод, Рамзиёрзода Саддам, Гадоев Ардашер, Наврӯзов Фаридун, Касимов Раҷабмурод, Баротов Шоҳрух ва Мадкамов Фахриддин барои ишғол намудани ҷойҳои намоён мубориза бурданд.
Дар натиҷа ҷойи аввал ба Ишанов Олим, ҷойи дуюм ба Касимов Раҷабмурод ва ҷойи сеюм ба Рамзиёрзода Саддам муяссар гардид.
Дар мусобиқаи шиноварӣ аз намуди тарзи озод дар байни духтарон Ҷураева Аниса, Нурматова Нурангез, Климик Карина, Тюрина Анастасия, Бордачёва Екатерина, Дадабаева Обида ва Алибаева Камила барои соҳиб шудан ба ҷойҳои намоён байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

21

Дар натиҷа, ҷойи аввал ба Тюрина Анастасия, ҷойи дуюм ба Климик Карина ва ҷойи сеюм ба Бордачёва Екатерина мушарраф гардид.
Дар намуди варзиши шиноварии «брасс» ҷойи аввал ба Хоркашов Рамзиёр, ҷойи дуюм ба Баротов Шоҳрух ва ҷойи сеюм ба Касимов Раҷабмурод муяссар шуд.
Дар намуди варзиши шиноварии «баттерфляй» ҷойи аввал ба Мадкамов Фахриддин, ҷойи дуюм ба Наврӯзов Фаридун ва ҷойи сеюм ба Гадоев Ардашер муяссар гардид.
Ҳамин тариқ ғолибон бо медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои қимматноки хотиравии аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагардида дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Гул Маҳбуба





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2020 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон