Анастасия Тюрина

02Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Анастасия Тюрина дар бозиҳои олимпии ҷавонон, ки аз 6-ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Буэнос-Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор гардид, иштирок намуд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин варзишгари шиновар барои ба даст овардани ғолибият дар бозиҳои олимпии ҷавонон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, варзишгаронро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарон имконият медиҳад, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

 

 





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон