Мақсад ва вазифаҳо

Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд, ташвиқу тарғиби варзиши шиноварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани нақши тарбияи ҳамаҷонибаи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар инкишофи шахсият таъсис дода шудааст.

Амалисозии мақсадҳои оинномавии Федератсияи мазкур барои вазифаҳои зерин хизмат менамоянд:
- қаноатмандии касбӣ ва ғайрикасбии таваҷҷӯҳи аъзоёни худ, инчунин, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар соҳаи варзиши шиноварӣ;
- мусоидат намудан ба баланд бардоштани малакаи тренерҳо, омӯзгорони маълумоти иловагӣ, судяҳо ва баланд намудани сатҳи иҷроиши варзишгарон;
- мусоидат намудан ба рушду тараққиёти ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ ва омӯзиши оммавии варзиши шиноварӣ ва клубҳои варзишӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда;
- маъмулу машҳур намудани шиноварӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ;
- тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон, махсусан кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба воситаи варзиши шиноварӣ, тақсими боманфиати вақти холигии худ, ҷалб намудани шаҳрвандон ба шиноварии оммавии табобатӣ;
- ташкил ва рушди ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷумла, муттаҳид намудани варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ, омӯзгорони шиноварӣ ва тренерҳо.
Барои расидан ба мақсадҳои гузошташудаи Федератсия, мутобиқи қонунгузории амалкунанда:
- дар доираи Федератсия чемпионатҳо, Ҷомҳо, вохӯриҳои даставӣ ва дигар мусобиқаҳоро байни собиқадорон, калонсолон, ҷавонон, наврасон ва кӯдакон ташкил ва мегузаронад, аз он ҷумла мусобиқаҳои байналмилалиро мутобиқи тақвими варзишии кори Федератсия доир менамояд.
- дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои хоҳишманд Чемпионатҳо, Пешсафӣ, Ҷомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронад ва Оғози Чемпионатҳоро оид ба варзиши шиноварӣ доир менамояд.
- чорабиниҳои машқӣ-омӯзишӣ ва машваратӣ (семинарҳо, ҷамъомад, лагерҳо)-ро барои тренерҳо, омӯзгорони маълумоти иловагӣ, судяҳо ва варзишгарони Федератсия бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба варзиши шиноварӣ бо мақсади таъсиси захираҳои варзишӣ ташкил ва баргузор менамояд;
- Принсипҳои атестатсияҳои тахассусии судяҳо, тренерҳо ва омӯзгорони маълумоти иловагӣ ва варзишгарони Федератсияро коркард ва тасдиқ менамояд ва тибқи тартиби қабулшуда пешниҳодҳоро оид ба гирифтани унвон ва категорияи варзишгарон, тренерҳо ва судяҳо амалӣ менамояд;
- таҷрибаи пешқадами варзишӣ-ташкилӣ, тренерӣ-омӯзишӣ, ватанӣ ва хориҷиро ҷамъоварӣ, омӯзиш ва таҳлил намуда, онҳоро паҳн менамояд;
- дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои хоҳишманд мутобиқи тартиби қабулшуда нашри омӯзишӣ, методӣ, маълумотӣ ва дигар адабиётҳоро бо мақсади баланд бардоштани тахассуси тренерҳо, омӯзгорони маълумоти иловагӣ, судяҳо ва варзишгарон барои маъмулу машҳур шудани шиноварӣ ба воситаи ВАО коркард ва амалӣ менамояд;
- намояндагони Федератсия (тренерҳо, омӯзгорони маълумоти иловагӣ, судяҳо, хизматчиён)-ро ҷиҳати иштирок дар семинарҳои байналмилалӣ, конференсияҳо ва дигар форумҳо оид ба масъалаҳои варзиши шиноварӣ муайян менамояд;
- дар ташаккули дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби қабулшуда иштирок намуда, ширкати онҳоро дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳо ташкил менамояд;
- ҷиҳати ҷалби кӯмакрасонии ихтиёрии шаҳрвандони хориҷию ватанӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳо, хазинаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар намуди маблағҳои пулӣ, дилхоҳ ашёҳои манқул ва ғайриманқул мусоидат менамояд;
- ҳамкориҳоро бо ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон (Федератсияҳо, Ассотсиатсияҳо, Иттиҳодияҳо, марказҳо) рушду тараққӣ медиҳад, ҳамчунин чорабиниҳоро оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи варзиши шиноварӣ коркард менамояд;
- ҷиҳати коркарди барномаҳо оид ба омӯзиши варзиши шиноварӣ дар байни мактаббачагон ва донишҷӯён дар макотиби олии давлатӣ ва таҳия намудани барномаҳо барои тайёр намудани тренерҳо оид ба варзиши шиноварӣ дар макотиби олии давлатӣ мусоидат менамояд, пешниҳодҳоро оид ба кушодани бахш оид ба варзиши шиноварӣ, ҳамчунин дар мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон ироа менамояд;
- дар ташкили мактабҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, сексияҳо, бахшҳо оид ба шиноварӣ мутобиқи тартиби қонунгузорӣ иштирок менамояд;
- фаъолияти дигареро, ки ба мақсад ва вазифаҳои Федератсия ҷавобгӯ буда, ба қонунгузории амалкунанда мухолифат намекунад, амалӣ менамояд;
- ба рушду нумӯъ ва гузаронидани мусобиқаҳои шиноварии кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак расонида, онҳоро дастгирӣ менамояд;
- ба инкишоф ва таҳким бахшидани заминаи моддӣ-варзишӣ ва илмӣ-методии варзиши шиноварӣ мусоидат менамояд.





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2019 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон